ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • Марқус 14:66–72
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 66 Ин вақт Петрус дар поён, дар рӯйи ҳавлӣ, буд ва ба он ҷо яке аз канизони саркоҳин омад.+ 67 Вақте вай дид, ки Петрус дар назди оташ худро гарм карда истодааст, ба рӯяш нигоҳ кард ва гуфт: «Ту ҳам бо ҳамин Исои носирӣ будӣ». 68 Вале ӯ инро инкор карда гуфт: «Ман вайро намешиносам ва намефаҳмам, ки ту чиҳо мегӯӣ». Сипас ӯ сӯйи дарвоза* рафт. 69 Дар он ҷо ҳам каниз ӯро дид ва бори дигар ба одамони атрофаш гуфт: «Ин мард яке аз онҳост». 70 Петрус ин дафъа ҳам инро инкор кард. Чанде пас касоне, ки дар он ҷо буданд, боз ба Петрус гуфтанд: «Аниқ, ту яке аз онҳо ҳастӣ, зеро ту ҷалилиӣ». 71 Вале вай қасам хӯрдан гирифту гуфт: «Ман ин мардеро, ки шумо мегӯед, намешиносам!» 72 Ҳамон лаҳза хурӯс бори дуюм фарёд карду+ Петрус ин суханони Исоро ба ёд овард: «Пеш аз он ки хурӯс ду бор фарёд кунад, ту се бор маро инкор мекунӣ».+ Он гоҳ Петрус худро дошта натавониста гиря кард.

  • Луқо 22:54–62
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 54 Он гоҳ онҳо Исоро дастгир карда,+ ба хонаи саркоҳин бурданд. Петрус бошад, каме дуртар аз паси онҳо мерафт.+ 55 Вақте ки одамон дар миёни ҳавлӣ оташ даргиронда, якҷоя менишастанд, Петрус низ ҳамроҳи онҳо буд.+ 56 Яке аз канизон Петрусро, ки дар назди гулхан менишаст, дида ба ӯ бодиққат нигоҳ кард ва гуфт: «Ин мардак ҳам бо ӯ буд». 57 Вале Петрус инро инкор карда гуфт: «Эй зан, ман ӯро намешиносам». 58 Чанде пас каси дигаре ӯро дида, гуфт: «Ту ҳам яке аз онҳо ҳастӣ». Аммо Петрус гуфт: «Э не, ту чиҳо мегӯӣ?!»+ 59 Тахминан пас аз як соат марди дигаре боисрор гуфт: «Аниқ, ин мард ҳам бо ӯ буд, зеро ӯ ҷалилӣ аст!» 60 Аммо Петрус гуфт: «Ман намедонам, ки ту чӣ гуфта истодаӣ». Ҳамон лаҳза, ӯ суханашро тамом накарда, хурӯс фарёд кард. 61 Он гоҳ Ҳазрат рӯяшро гардонда, рост ба Петрус нигоҳ кард ва ӯ суханони Ҳазратро ба ёд овард: «Имрӯз, пеш аз он ки хурӯс фарёд кунад, ту се бор маро инкор мекунӣ».+ 62 Пас аз ин ӯ аз он ҷо баромада, зор-зор гирист.

  • Юҳанно 18:15–17
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 15 Шимъӯни Петрус ва як шогирди дигар аз қафои Исо рафтанд.+ Ин шогирд бо саркоҳин шинос буд, бинобар ин ҳамроҳи Исо ба ҳавлии саркоҳин даромад, 16 вале Петрус дар берун, назди дарвоза, монд. Он гоҳ шогирде, ки бо саркоҳин шинос буд, баромада, бо канизе, ки назди дарвоза меистод, гапзанон кард ва Петрусро ба дарун даровард. 17 Канизи дарвозабон аз Петрус пурсид: «Магар ту низ яке аз шогирдони он мард нестӣ?» «Не»,— ҷавоб дод ӯ.+

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан