-
Матто 14:14–17Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
14 Вақте ки Исо аз қаиқ фаромад, мардуми бисёреро дида дилаш ба онҳо сӯхт+ ва онҳоеро, ки бемор буданд, шифо дод.+ 15 Шомгоҳон шогирдонаш назди ӯ омада, гуфтанд: «Ин ҷо ҷойи беодам аст ва аллакай бегоҳ шуда истодааст. Мардумро ҷавоб деҳ, то ба қишлоқҳо рафта, барои худ хӯрдание харанд».+ 16 Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Ба рафтани онҳо ҳоҷат нест — шумо ба онҳо хӯрок диҳед». 17 Шогирдон гуфтанд: «Мо ғайр аз панҷ нон ва ду моҳӣ дигар ҳеҷ чиз надорем».
-
-
Марқус 6:35–38Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
35 Қарибиҳои бегоҳ шогирдонаш назди ӯ омада, гуфтанд: «Ин ҷо ҷойи беодам аст ва аллакай бегоҳ шуда истодааст.+ 36 Мардумро ҷавоб деҳ, то ба қишлоқҳо ва маҳалҳои гирду атроф рафта, барои худ хӯрок харанд».+ 37 Ӯ дар ҷавоб гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Онҳо гуфтанд: «Оё мехоҳӣ, ки рафта, ба 200 динор* нон харем ва онро ба мардум диҳем?»+ 38 Ӯ ба онҳо гуфт: «Чандто нон доред? Рафта, бинед». Чанде пас онҳо омада, гуфтанд: «Панҷто нон ва ду моҳӣ».+
-
-
Луқо 9:12, 13Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
12 Вақте рӯз бегоҳ мешуд, 12 расули Исо ба наздаш омада, гуфтанд: «Мардумро ҷавоб деҳ, то ба қишлоқҳо ва маҳалҳои гирду атроф рафта, барои худ ҷойи хоб ва хӯроке ёбанд, зеро ин ҷо ҷойи беодам аст».+ 13 Вале ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед».+ Онҳо гуфтанд: «Мо ғайр аз панҷ нон ва ду моҳӣ дигар чизе надорем. Ё худамон рафта, барои ҳамаи ин одамон хӯрок харем?»
-