Ирмиё
9 Эй кош дидаҳоям пур аз об мебуд
Ва аз чашмонам ашк фаввора мезад!+
Он гоҳ рӯзу шаб
Барои куштагони халқам мегиристам.
2 Эй кош дар биёбон мусофирхонае медоштам
3 Забонашон мисли камони зеҳкарда аст.
Дар ин сарзамин онҳо бо дурӯғ пурзӯр шудаанд, на бо ростӣ.+
«Онҳо аз паси як бадӣ бадии дигар мекунанд
Ва парвои маро надоранд,+— мегӯяд Яҳува.—
4 Ҳар кас аз ёри худ эҳтиёт шавад
Ва ҳатто ба бародараш бовар накунад,
Зеро ҳар бародар хиёнаткор+
Ва ҳар ёр туҳматгар аст.+
5 Ҳар яке ёри худро фиреб медиҳад
Ва сухани росте намегӯяд.
Ҳама забонашонро ба дурӯғгӯӣ таълим додаанд,+
Мурданивор каҷкорӣ мекунанд.
6 Ту дар миёни фиребгарон зиндагӣ мекунӣ.
Онҳо аз сабаби фиребашон маро шинохтан намехоҳанд»,— мегӯяд Яҳува.
7 Аз ин рӯ Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд:
«Онҳоро гудохта, имтиҳон мекунам,+
Зеро нисбати духтарам — халқам, чӣ кор ҳам карда метавонам?
8 Забонашон тири марговарест, ки бо фиреб сухан меронад.
Кас бо даҳонаш ба ёри худ суханони сулҳомез мегӯяд,
Вале дар дил макру ҳила мебофад.
9 Магар онҳоро барои ин корҳояшон беҷазо монам? — мегӯяд Яҳува.—
Магар аз чунин халқ қасос нагирам?+
10 Барои кӯҳҳо гиряву нола мекунам
Ва барои чарогоҳҳои биёбон марсия* мехонам,
Зеро онҳо оташ зада шудаанд ва касе аз он ҷойҳо гузар намекунад.
Овози чорво шунида намешавад.
Парандагони осмон ва ҳайвонот гурехта рафтаанд.+
11 Ман Ерусалимро ба сангтӯда+ ва ба лонаи шағолон+
Ва шаҳрҳои Яҳудоро ба харобазору замини беодам табдил медиҳам.+
12 Кист марди хирадманд, ки инро бифаҳмад?
Бо кӣ Яҳува сухан ронд, то инро эълон кунад?
Чаро ин замин нест шудааст?
Чаро мисли биёбон сӯхтааст,
Ба тавре ки касе аз он намегузарад?»
13 Яҳува ҷавоб дод: «Зеро онҳо шариати* маро, ки ба онҳо додаам, рад намуданд ва онро риоя накарданд. Онҳо ба овози ман гӯш надоданд, 14 гарданшахӣ карда, аз пайи хоҳишҳои худ+ ва аз пайи бутҳои Баал шуданд, чуноне ки аз падаронашон таълим гирифта буданд.+ 15 Аз ин рӯ Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман ин халқро маҷбур мекунам, ки тахач бихӯрад, ва ба онҳо заҳроба менӯшонам.+ 16 Ман онҳоро дар миёни халқҳое пароканда месозам, ки на онҳо мешинохтанду на падаронашон,+ ва аз қафояшон шамшер мефиристам, то онҳоро нобуд кунам”.+
17 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд:
“Бо ақлу фаҳм рафтор кунед.
19 Садои нола аз Сион шунида мешавад:+
“То чӣ андоза зеру забар шудаем!
То чӣ андоза расвоиямон бузург аст!
Охир, мо заминамонро тарк кардаем ва онҳо хонаҳоямонро чаппа кардаанд”.+
20 Эй занон, паёми Яҳуваро бишнавед.
Гӯшатонро ба шунидани суханонаш моил кунед.
Ба духтаронатон ин навҳаро таълим диҳед
Ва ба якдигар ин марсияро* ёд диҳед,+
21 Зеро марг аз тирезаҳоямон даромадааст,
Аз қалъаҳои мустаҳкамамон дохил шудааст,
То фарзандонамонро аз кӯчаҳо
Ва ҷавононро аз майдонҳо нобуд созад”.+
22 Бигӯ: “Яҳува чунин мегӯяд:
“Ҷасадҳои мардум мисли ахлот дар саҳро
Ва мисли қатори ғаллаи навдаравидае мегардад, ки дар паси даравгар хобидааст,
Ва касе намешавад, ки онро ҷамъ орад”».+
23 Яҳува чунин мегӯяд:
«Бигзор хирадманд бо хиради худ фахр накунад,+
Бигзор бақувват бо қуввати худ
Ва бой бо боигарии худ фахр накунад.+
24 Вале ҳар кӣ фахр мекунад,
Бигзор бо он фахр кунад, ки фаҳм дораду маро мешиносад+ —
Медонад, ки ман Яҳува, Худое ҳастам, ки дар замин меҳру вафо ва адлу инсофро ба амал меорам,+
Зеро хушнудии ман дар ҳамин аст»,+— мегӯяд Яҳува.
25 Яҳува мегӯяд: «Инак, рӯзҳое меоянд, ки ман бо хатнашудагони бехатна ҳисобу китобамро баробар мекунам,+ 26 бо Миср,+ Яҳудо,+ Адӯм,+ Аммӯн,+ Мӯоб+ ва ҳама сокинони биёбон, ки мӯйҳои чаккаашонро метарошанд,+ зеро тамоми ин халқҳо бехатнаанд, тамоми хонадони Исроил бошад, дили бехатна* дорад».+