147 Ёҳро ситоиш кунед!
Дар васфи Худоямон сурудан некуст.
Ӯро ситоиш кардан чӣ дилпазир аст — ӯ сазовори ҳамду саност!+
2 Яҳува Ерусалимро бино мекунад,+
Парокандагони Исроилро ҷамъ меорад,+
3 Дилшикастагонро шифо мебахшад,
Захмҳои онҳоро мебандад.
4 Ӯ ситораҳоро ба шумор меорад,
Ҳар яки онҳоро ба номаш мехонад.+
5 Худованди мо бузург ва пурқудрат аст,+
Хиради ӯ беҳадду канор аст.+
6 Яҳува нармдилонро сарбаланд мекунад,+
Вале бадкоронро ба замин меафканад.
7 Дар васфи Яҳува бо шукргузорӣ бисароед,
Дар васфи Худоямон бо чанг бисароед.
8 Ӯ осмонро бо абрҳо мепӯшонад,
Ба замин борон меборонад,+
Дар кӯҳҳо алаф месабзонад.+
9 Ӯ ба ҷонварон хӯрок медиҳад,+
Ба бачаҳои зоғ, ки фарёд мезананд.+
10 Ӯ аз қуввати асп ба ваҷд намеояд+
Ва аз пойҳои бақуввати одам ба ҳайрат намеояд.+
11 Яҳува аз тарсгоронаш хурсанд мешавад,+
Аз онҳое, ки ба меҳру вафояш умед мебанданд.+
12 Яҳуваро ҷалол бидеҳ, эй Ерусалим.
Худои худро ситоиш кун, эй Сион.
13 Ӯ ғалақаҳои дарвозаҳои шаҳратро мустаҳкам месозад,
Ӯ фарзандони туро баракат медиҳад,
14 Ба қаламрави ту осоиштагӣ меорад,+
Аз гандуми аълосифат туро сер мекунад.+
15 Сухани худро ба замин мефиристад.
Сухани ӯ зуд рафта мерасад.
16 Барфро мисли пашм меборонад,+
Шабнамро мисли хокистар мепошад.+
17 Жолаи худро мисли нонпораҳо мепартояд.+
Кӣ метавонад ба хунукии ӯ тоб орад?+
18 Ӯ суханашро мефиристад ва ях об мешавад.
Бодашро мевазонад+ ва обҳо ҷорӣ мегарданд.
19 Сухани худро ба Яъқуб эълон мекунад,
Дастурҳо ва ҳукмҳои худро ба Исроил.+
20 Ӯ бо халқи дигаре ин тавр накардааст,+
Онҳо дар бораи ҳукмҳояш чизе намедонанд.
Ёҳро ситоиш кунед!+