Мундариҷа
ҲАФТАИ 31 ДЕКАБРИ 2018–6 ЯНВАРИ 2019
3 «Ростиро бихар ва онро нафурӯш»
ҲАФТАИ 7–13 ЯНВАРИ 2019
8 «Дар ростии Ту рафтор» менамоям
Ин ду мақола моро бармеангезад, ки ҳақиқати бебаҳои Яҳуваро бештар қадр кунем. Ин ганҷи пурарзиш ба ҳар гуна қурбонӣ меарзад. Мо мефаҳмем, ки чӣ кӯмак мекунад, то ба ҳақиқат минбаъд низ чун ба ганҷ муносибат кунем. Ин мақолаҳо иродаи моро дар он қавӣ мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ аз роҳи ҳақиқат наравем ва онро бо ягон чизи дигар иваз накунем.
ҲАФТАИ 14–20 ЯНВАРИ 2019
13 Ба Яҳува такя кунед ва соҳиби ҳаёт гардед!
Китоби Ҳабаққуқ нишон медиҳад, ки чӣ тавр мо дар вақтҳои мушкилӣ муносибатҳои наздикро бо Яҳува нигоҳ дошта метавонем. Ин мақола ба мо мефаҳмонад, ки ҳатто азобу душвориҳоямон торафт бештар шаванд ҳам, агар мо ба Худо таваккал кунем, Ӯ оқибат моро раҳо мекунад.
ҲАФТАИ 21–27 ЯНВАРИ 2019
18 Фикрронии шуморо кӣ шакл медиҳад?
ҲАФТАИ 28 ЯНВАРИ 2019–3 ФЕВРАЛИ 2019
23 Тарзи фикрронии Яҳуваро аз худ кунед
Торафт ба Яҳува наздик шуда, мо дарк мекунем, ки фикрҳои Ӯ аз фикрҳои мо хеле баланд аст. Аз ин ду мақола мо ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: Чӣ кор кунем, то фикру ақидаҳои одамони ин ҷаҳон моро шакл надиҳанд? Чӣ тавр тарзи фикрронии худро ислоҳ кунем, то он ба тарзи фикрронии Яҳува бештар монанд гардад.