ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 2.08 саҳ. 2
  • Барномаи вохӯрии хидматӣ

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Барномаи вохӯрии хидматӣ
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2008
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Ҳафтаи аз 11–уми феврал саршаванда
  • Ҳафтаи аз 18–уми феврал саршаванда
  • Ҳафтаи аз 25–уми феврал саршаванда
  • Ҳафтаи аз 3–юми март саршаванда
Хизмат ба Салтанати Худо 2008
km 2.08 саҳ. 2

Барномаи вохӯрии хидматӣ

Ҳафтаи аз 11–уми феврал саршаванда

Суруди 168.

10 дақ. Эълонҳои маҳаллӣ. Пешниҳодоти саҳифаи 8 ё ягон пешниҳоди дигари барои маҳаллатон мувофиқро истифода бурда, як ё ду намоиш тайёр кунед.

15 дақ. Оё метавонед дар ҷое ки эҳтиёҷоти бештар дорад, хидмат намоед? Нутқ ва муҳокима бо шунавандагон дар асоси саҳифаи 20–уми “Бурҷи дидбонӣ” (рус.) аз 15–уми июли 2003. Фикрҳо аз сархати 1–и саҳифаи 111–сархати 1–и саҳифаи 112–и китоби Созмоншудагон (рус.)-ро илова намоед. (Ба мактуби ба ҳама кумитаҳои хидматӣ аз 3–юми декабри с. 2007 нигаред.) Аз як ё ду воизе, ки ба ҷои эҳтиёҷоти бештардошта кӯчиданд, кӯтоҳ мусоҳиба гиред. Эшон бо чӣ гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуданд ва чӣ тавр бар онҳо ғолиб омаданд? Ин воизон аз чӣ гуна баракатҳо баҳраманд гаштанд?

20 дақ. Ба навомадагон барои чун воиз рушд кардан кӯмак намоед. Ба суханҳои муқаддимавӣ на бештар аз як дақиқа вақт ҷудо карда, бо саволу ҷавобҳо саҳифаи 31–уми “Бурҷи дидбонӣ” (рус.) аз 1–уми декабри с. 2005-ро муҳокима намоед ва саволҳои барои омӯзиш пешбинишударо истифода баред. Баъди муҳокимаи сархати 18 намоиш нишон диҳед, ки дар он соҳибхона ба воизи нав, ки бо воизи таҷрибадор ҳамкорӣ мекунад, эътироз баён менамояд. Ҷавоби воизи нав соҳибхонаро қаноатманд намекунад ва сӯҳбат хотима меёбад. Баъд аз назди дар дур шуданашон воизи таҷрибадор воизи навро барои кӯшишҳояш самимона таҳсин гуфта, сипас нишон медиҳад, ки чӣ гуна ӯ метавонад рисолаи “Оғоз ва давоми сӯҳбат дар мавзӯе аз Китоби Муқаддас” (рус.)-ро истифода бурда, дар оянда ба он эътирозе, ки сӯҳбатро хотима бахшид, ҷавоб диҳад.

Суруди 50.

Ҳафтаи аз 18–уми феврал саршаванда

Суруди 17.

10 дақ. Эълонҳои маҳаллӣ. Эълонҳои интихобшуда аз Хидмат ба Салтанати Худо.

10 дақ. Ниёзҳои маҳаллӣ.

25 дақ. “Шаҳодат аз имони қавӣ!”a Нозири хидматии ҷамъомад пешкаш мекунад. Дар хотима ба таври мусбӣ муваффақиятҳоеро, ки ҷамъомад дар соли гузаштаи хидматӣ ба даст овард, қайд кунед.

Суруди 194.

Ҳафтаи аз 25–уми феврал саршаванда

Суруди 81.

10 дақ. Эълонҳои маҳаллӣ. Ба воизон хотиррасон кунед, ки ҳисоботи хидмати моҳи февралро супоранд. Ҳисоботи пулӣ ва тасдиқот оиди расидани хайрияҳоро бихонед. Барои даъвати аъзоёни оила ва ҳамсояҳо чӣ гуна истифода бурдани даъватномаи Шоми ёдбудро намоиш диҳед.

20 дақ. “Бо сипос ёд овардани фидя”b. Дар ҳудуди вақти муайяншуда шунавандагонро даъват намоед, ки оятҳои овардашударо шарҳ диҳанд.

15 дақ. Тайёрӣ ба пешниҳоди шумораи тозаи маҷаллаҳо. Муҳокима бо шунавандагон дар асоси “Бурҷи дидбонӣ” (рус.) аз 1–уми март ва “Бедор шавед!” (рус.)–и моҳи март. Баъди шарҳи кӯтоҳи ҳар як шумора аз шунавандагон пурсед, ки кадоме аз мақолаҳо одамонро дар хидмати мавъиза шавқманд карда метавонад ва чаро. Шунавандагонро даъват намоед хусусиятҳои хоси мақолаеро, ки истифода бурданиянд, номбар намоянд. Барои оғоз кардани сӯҳбат кадом саволро додан мумкин аст? Кадом ояти Китоби Муқаддасро аз мақола сипас метавон хонд? Тарзи пешниҳоди ҳар яке аз маҷаллаҳои пешкашшавандаро нишон диҳед.

Суруди 119.

Ҳафтаи аз 3–юми март саршаванда

Суруди 223.

10 дақ. Эълонҳои маҳаллӣ. Фикрҳои асосии замимаи “Ёдовариҳо оиди Шоми ёдбуд”-ро дида бароед.

20 дақ. Оё метавонед дар моҳи март бо касе омӯзиши Китоби Муқаддас оғоз намоед? Муҳокима бо шунавандагон. Дар моҳи март мо “Таълимоти Китоби Муқаддас”-ро бо мақсади оғоз намудани омӯзиш пешкаш хоҳем кард. Баъзе хусусиятҳои хуби ин китобро дида бароед. Муҳокима намоед, ки чӣ гуна онро дар боздидҳо ба шахсони ҳангоми гузоштани даъватномаи Шоми ёдбуд рағбат зоҳирнамуда, ба касони маҷаллагирифта ва ҳангоми мавъизаи дар ба дар пас аз 22–юми март пешкаш карда метавонем. (Нигаред ба km 8. 07 саҳ. 3; km-U 3. 06 саҳ. 1, сарх 3; km–U 1. 06 саҳ. 3–6.) Як ё ду намоиш тайёр кунед.

15 дақ. Ҳангоми посух Китоби Муқаддасро истифода баред. Нутқ ва муҳокима бо шунавандагон дар асоси саҳифаҳои 143, 144–и китоби “Дарсҳои мактаби таълими мавъиза” (рус.). Намоиши кӯтоҳе илова кунед, ки дар он ба воиз саволи дар маҳаллатон маъмулро медиҳанд ва ӯ сипас Китоби Муқаддасро истифода бурда, ба он ҷавоб мегӯяд.

Суруди 145.

[Эзоҳҳо]

a Ба суханҳои муқаддимавӣ на бештар аз як дақиқа вақт ҷудо карда, ба муҳокимаи мавзӯъ бо саволу ҷавобҳо гузаред.

b Ба суханҳои муқаддимавӣ на бештар аз як дақиқа вақт ҷудо карда, ба муҳокимаи мавзӯъ бо саволу ҷавобҳо гузаред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан