-
2 Мӯсо 29:38–41Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
38 Ин аст он чӣ ту бояд бар қурбонгоҳ пешкаш кунӣ: ҳар рӯз, доимо, ду қӯчқори яксоларо пешкаш кун.+ 39 Як қӯчқори ҷавонро саҳар қурбон куну дигарашро вақти шом*.+ 40 Даҳяк эфа* орди маҳине, ки бо чоряк ҳин* равғани кӯфта омехта шудааст, ва ҳадияи рехтанӣ, ки аз чоряк ҳин шароб иборат аст, бояд бо қӯчқори якум пешкаш шавад. 41 Қӯчқори дуюмро низ бо ҳамон ҳадияи ғалла ва ҳадияи рехтание, ки саҳар оварда будӣ, вақти шом* пешкаш кун. Онро барои Яҳува чун қурбонии хушбӯй*, қурбоние, ки дар оташ сӯзонида мешавад, биёр.
-
-
4 Мӯсо 28:4–6Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
4 Як барраи нарро саҳарӣ ва дигарашро шомгоҳон* биёред.+ 5 Ҳамроҳи онҳо даҳяк эфа* орди маҳинро, ки бо чоряк ҳин* равғани кӯфта омехта шудааст, чун ҳадияи ғалла биёред.+ 6 Ин қурбонии сӯхтании доимист,+ ки дар кӯҳи Сино муқаррар шуда буд. Ин қурбонии хушбӯест*, ки барои Яҳува бар оташ сӯзонда мешавад
-