28 ИЮЛ — 3 АВГУСТ
ПАНДНОМА 24
Суруди 122 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)
1. Ба рӯзҳои душвор тайёр шавед
(10 дақ.)
Дониш ва хирад омӯзед (Пнм 24:5; w23.07 саҳ. 18, сарх. 15).
Рӯҳафтода бошед ҳам, реҷаи рӯҳониятонро нигоҳ доред (Пнм 24:10; w09 15.12 саҳ. 4, сарх. 12, 13).
Имону муҳаббати қавӣ ба Яҳува дар мусибатҳо моро побарҷо мегузоранд (Пнм 24:16; w20.12 саҳ. 15).
2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
(10 дақ.)
Пнм 24:27 — Мо аз ин оят чӣ дарс мегирем? (lv боби 10, сарх. 13–15)
Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?
3. Хониши Китоби Муқаддас
(4 дақ.) Пнм 24:1–20 (th дарси 11).
4. Суҳбатро сар кунед
(2 дақ.) ШАҲОДАТИ ҒАЙРИРАСМӢ. Суҳбататон, пеш аз он ки шаҳодат диҳед, хотима меёбад (lmd дарси 2, қисми 4).
5. Суҳбатро сар кунед
(3 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА (lmd дарси 3, қисми 4).
6. Суҳбатро сар кунед
(3 дақ.) ХИЗМАТ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ. Ба шахс дар бораи курси омӯзиши Китоби Муқаддас гап занед ва ба ӯ корти ин курсро пешкаш намоед (lmd дарси 4, қисми 3).
7. Суханронӣ
(3 дақ.) lmd замимаи А, қисми 11. Мавзуъ: «Худо ба мо хабари муҳимро мерасонад» (th дарси 6).
Суруди 109
8. Дар сахтиҳо дасти якдигарро гиред
(15 дақ.) Муҳокима.
Ҳар яки мо бо воқеҳои ногаҳонӣ — беморӣ, офатҳои табиӣ, бетартибиҳои шаҳрвандӣ, ҷанг ё озору азият, рӯ ба рӯ шуда метавонем. Вақте чунин мусибатҳо рӯй медиҳанд, ҳамимононамон ба дастгириву дилбардории якдигар мешитобанд. Худи мо бо чунин нохушиҳо рӯ ба рӯ нашавем ҳам, ба ҳамдинонамон диламон месӯзад ва мо кӯшиш мекунем бо ҳар роҳ ба онҳо мадад расонем (1Қр 12:25, 26).
3 Подшоҳон 13:6 ва Корнома 5:16б-ро хонед. Сипас аз шунавандагон пурсед:
Чаро дуои хизматгори Худо қувваи бузург дорад?
Марқус 12:42–44 ва 2 Қӯринтиён 8:1–4-ро хонед. Сипас аз шунавандагон пурсед:
Барои кумак ба ҳамимонони муҳтоҷамон ба кори умумиҷаҳонӣ пули калон хайрия карда натавонем ҳам, чаро муҳим аст, ки дар ин кор чени қуввату дороиямон саҳмгузор бошем?
ВИДЕОНАВОРИ «Дастгирии бародарон дар озорҳо»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:
Бо вуҷуди он ки дар Аврупои Шарқӣ фаъолиятамон манъ буд, бародарон барои дастгирии ҳамдинон ба чӣ гуна қурбониҳо рафтанд?
Чӣ тавр ҳамимононамон ҳатто дар душвориҳо ба амри Яҳува гӯш дода, ҷамъ мешуданд ва якдигарро рӯҳбаланд мекарданд? (Ибр 10:24, 25).
9. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад
(30 дақ.) lfb дарси 4 ва 5