-
3 Мӯсо 25:32–34Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
32 Левизодагон бошанд, ҳамеша ҳақ доранд, ки хонаҳои худро, ки дар шаҳрҳояшон ҷойгиранд,+ бозхарид кунанд. 33 Агар левизода дороии худро, яъне хонаашро, ки дар шаҳраш ҷойгир аст, то Соли Озодӣ бозхарид накунад, он дар Соли Озодӣ раҳо мешавад,+ зеро хонаҳои левизодагон, ки дар шаҳрҳояшон ҳастанд, дар миёни исроилиён дороии онҳо мебошанд.+ 34 Ғайр аз ин, чарогоҳҳои+ назди шаҳрҳои онҳо набояд фурӯхта шаванд, чунки онҳо то абад дороии левизодагон мемонанд.
-
-
5 Мӯсо 18:1Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
18 Ба коҳинони левизода ва тамоми қабилаи Левӣ дар Исроил ҳиссае ва мулки меросие дода намешавад. Бигзор онҳо аз қурбоние, ки барои Яҳува дар оташ сӯзонида мешавад ва ҳиссаи ӯст, бихӯранд.+
-