ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • Доварон 3:9, 10
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 9 Вақте ки исроилиён зора зада аз Яҳува мадад пурсиданд,+ Яҳува ба онҳо халосгареро дод,+ ки Отниили+ писари Қеназ, додари Колеб, буд. 10 Рӯҳи Яҳува бар вай фаромад+ ва ӯ довари Исроил шуд. Вақте ки ӯ ба ҷанг баромад, Яҳува Кушан-Ришъотаим, подшоҳи Байнаннаҳрайнро*, ба дасташ супурд ва ӯ бар Кушан-Ришъотаим дастболо гашт.

  • Доварон 6:34
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 34 Он гоҳ рӯҳи Яҳува Ҷидъӯнро фаро гирифту+ ӯ шох навохт+ ва абиозериён+ назди ӯ ҷамъ омаданд.

  • Доварон 11:29
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 29 Рӯҳи Яҳува Ифтоҳро фаро гирифт+ ва ӯ дар Ҷилъод ва Менашше роҳ паймуда, ба Мисфои Ҷилъод омад ва аз Мисфои Ҷилъод+ бар зидди аммӯниён равона шуд.

  • Доварон 14:5, 6
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 5 Шимшӯн бо падару модараш сӯйи Тимно фаромад. Вақте ки вай ба токзори Тимно расид, шере сӯяш наъра зада, пеш омад. 6 Он гоҳ рӯҳи Яҳува Шимшӯнро фаро гирифт+ ва ӯ бо ду дасташ шерро ду пора кард, чуноне ки бузғоларо ду пора мекунанд. Вале ӯ ба падару модараш дар ин бора чизе нагуфт.

  • 1 Подшоҳон 10:10, 11
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 10 Онҳо аз он ҷо рафта, ба теппа баромаданд ва дар он ҷо дастаи пайғамбаронро диданд. Ҳамон замон рӯҳи Худо Шоулро фаро гирифт+ ва ӯ дар байни онҳо чун пайғамбар гап зад.+ 11 Вақте шиносонаш диданд, ки ӯ чун пайғамбар дар байни дигар пайғамбарон гап мезанад, ба якдигар гуфтанд: «Бо Шоули писари Қиш чӣ рӯй дод? Наход Шоул ҳам дар қатори пайғамбарон бошад?»

  • 1 Подшоҳон 16:13
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 13 Самуил шохи равғанро+ гирифта, дар пеши бародаронаш ӯро тадҳин кард. Он вақт рӯҳи Яҳува Довудро фаро гирифт ва аз он рӯз сар карда дар ӯ амал мекард.+ Баъдтар Самуил бархоста, ба Ромо рафт.+

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан