-
3 Подшоҳон 1:39, 40Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
39 Содӯқи коҳин аз хайма+ шохи равғанро+ гирифт ва Сулаймонро тадҳин кард.+ Сипас шох навохтанд ва тамоми мардум фарёд зада гуфт: «Зинда бод шоҳ Сулаймон!» 40 Баъд аз ин тамоми мардум аз паси ӯ боло баромад. Онҳо най менавохтанд ва шодиву хурсандӣ мекарданд, ба дараҷае ки замин аз нидоҳои онҳо ба ларза омад.+
-
-
1 Воқеанома 12:39, 40Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
39 Онҳо се рӯз дар он ҷо бо Довуд монданд ва он чиро, ки бародаронашон тайёр карда буданд, хӯрданду нӯшиданд. 40 Ҳамчунин аз гирду атроф ва ҳатто аз Иссокор, Забулун ва Нафтолӣ бар харон, шутурон, хачирон ва говон орд, кулчаҳои анҷир ва мавизӣ, шароб ва равғани зиёд, ҳамчунин говону гӯсфандони бисёреро меоварданд, зеро дар Исроил шодиву хурсандӣ буд.
-