-
2 Подшоҳон 10:9–12Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
9 Вақте Юоб дид, ки душман ҳам аз пеш ва ҳам аз пас ҳамла оварданӣ аст, сарбозони беҳтарини Исроилро интихоб карда, бар зидди арамиён саф кашид.+ 10 Сарбозони дигарро ӯ ба дасти бародараш Абишой+ супурд, то ки саф кашида бар зидди аммӯниён+ барояд. 11 Баъд вай гуфт: «Агар бинӣ, ки зӯри ман ба арамиён намерасад, ба ёрии ман биё, лекин, агар зӯри ту ба аммӯниён нарасад, ман ба ёрии ту меоям. 12 Мо бояд қавӣ бошем+ ва барои халқи худ ва шаҳрҳои Худои худ далерона биҷангем ва Яҳува он чиро, ки дар назараш писанд аст, ба ҷо меорад».+
-