-
2 Подшоҳон 10:17–19Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
17 Ин хабарро ба Довуд расонданд ва ӯ ҳамон замон тамоми Исроилро ҷамъ овард ва аз дарёи Урдун гузашта, ба Ҳелом омад. Арамиён бар зидди Довуд саф кашида, бо ӯ ҷангиданд,+ 18 вале шикаст хӯрда, аз пеши Исроил гурехтанд. Довуд аз арамиён 700 аробасавор ва 40 000 аспсаворро кушт. Ҳамчунин ӯ Шубаки сарлашкарашонро зарба зад ва ӯ дар он ҷо мурд.+ 19 Вақте ҳамаи подшоҳони зердасти Ҳададозар диданд, ки пеши Исроил шикаст хӯрданд, дарҳол бо Исроил сулҳ бастанд ва тобеи исроилиён шуданд.+ Арамиён аз тарси Исроил аммӯниёнро дигар дастгирӣ накарданд.
-