-
3 Подшоҳон 8:14–21Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
14 Сипас подшоҳ ба тамоми ҷамоати Исроил, ки рост меистод, рӯ оварда, онҳоро дуои нек кард.+ 15 Ӯ гуфт: «Яҳува, Худои Исроилро, ҳамду сано бод, зеро ӯ бо даҳони худ ба падарам Довуд ваъда доду бо дасти худ онро ба ҷо овард. Ӯ гуфта буд: 16 “Аз рӯзе ки ман халқам Исроилро аз Миср берун овардам, дар ягон қабилаи Исроил барои худ шаҳре интихоб накарда будам, то дар он хонае бисозам ва номи ман бар он бошад,+ вале ман Довудро хуш карда, бар халқи худ гузоштам”. 17 Дар дили падарам Довуд орзуе буд, ки ба номи Яҳува, Худои Исроил, хонае бисозад.+ 18 Аммо Яҳува ба падарам Довуд гуфт: “Ту дар дил орзу дорӣ, ки ба номи ман хонае бисозӣ, ва ин орзуи дили ту хуб аст, 19 вале чунин хонаро ба номи ман+ на ту, балки писарат, ки аз ту зода мешавад, хоҳад сохт”. 20 Яҳува қавли худро ба ҷо овард, зеро ман, чуноне ки Яҳува қавл дода буд, ба ҷойи падарам Довуд подшоҳ шудам ва бар тахти Исроил нишастам. Ман ҳамчунин ба номи Яҳува, Худои Исроил, хонае сохтам+ 21 ва дар он маконе барои сандуқи аҳд+ муҳайё кардам, он аҳде, ки Яҳува бо бобоёни мо, ҳангоме ки онҳоро аз замини Миср берун меовард, баста буд».
-