-
5 Мӯсо 30:1–3Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
30 Вақте ҳамаи ин суханон, яъне баракат ва лаънате, ки ба ту пешниҳод кардам, ба сарат оянд+ ва ту онҳоро дар миёни тамоми халқҳое, ки Худоят Яҳува туро ба он ҷо пароканда созад,+ ба ёд орӣ+ 2 ва сӯйи Худоят Яҳува рӯ оварда,+ мувофиқи ҳар он чӣ ба ту ва писаронат амр мефармоям, бо тамоми дилу ҷон ба овози ӯ гӯш диҳӣ,+ 3 Худоят Яҳува асирони туро бармегардонад+ ва ба ту раҳм карда,+ туро аз миёни ҳамаи халқҳое, ки Худоят Яҳува туро ба он ҷо пароканда месозад, ҷамъ меорад.+
-
-
Дониёл 9:2, 3Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
2 дар соли аввали ҳукмронии ӯ, ман, Дониёл, аз рӯйи китобҳо* шумораи солҳоеро, ки Ерусалим+ бояд харобазор бимонад ва дар ин бора дар паёми Яҳува ба пайғамбар Ирмиё навишта шудааст, пай бурдам: ман фаҳмидам, ки он муддат бояд 70 сол+ давом ёбад. 3 Аз ин рӯ сӯйи Яҳува Худо рӯ овардам ва рӯза гирифта,+ палос* пӯшида ва дар хокистар нишаста, ба ӯ дуо гуфтаму зорӣ кардам.
-