-
4 Подшоҳон 12:11, 12Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
11 Пули ҳисобкардаро онҳо ба касоне медоданд, ки бар кори хонаи Яҳува таъйин шуда буданд. Инҳо бошанд, пулро ба дуредгарону бинокороне, ки дар хонаи Яҳува кор мекарданд,+ 12 ва ба сангтарошону сангбурон медоданд. Онҳо ҳамчунин барои таъмири рахнаҳои хонаи Яҳува чӯбу тахта ва сангҳои тарошида мехариданд ва дигар хароҷоти таъмири хонаро низ рӯпӯш мекарданд.
-
-
2 Воқеанома 34:10, 11Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
10 Онҳо ин пулро ба касоне доданд, ки бар кори хонаи Яҳува таъйин шуда буданд. Коргарони хонаи Яҳува бошанд, онро барои таъмир ва барқарор кардани хона сарф карданд. 11 Онҳо пулро ба ҳунармандон ва бинокорон доданд, то сангҳои тарошида ва барои устувор кардани хона тахтаҳо харанд ва хонаҳоеро, ки аз бепарвоии подшоҳони Яҳудо хароб гашта буданд, бо чӯб бино кунанд.+
-