ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • 5 Мӯсо 4:6
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 6 Онҳоро риоя кунед ва ба ҷо оред,+ зеро бо чунин рафторатон фаҳму хиради+ шумо дар назари халқҳое, ки дар бораи ҳамаи ин дастурҳо мешунаванд, намоён мешавад. Онҳо хоҳанд гуфт: “Ин халқи бузург, ҳақиқатан ҳам, дорои хирад ва фаҳм аст”.+

  • Юшаъ 1:7, 8
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 7 Фақат далеру хеле устувор бош ва тамоми Шариатеро, ки бандаам Мӯсо ба ту фармудааст, пурра риоя намо. Аз он ба тарафи рост ё чап нагард,+ то, ба ҳар ҷое ки равӣ, аз рӯйи хирад амал кунӣ.+ 8 Бигзор ин китоби Таврот* вирди забони ту бошад+ ва рӯзу шаб дар бораи он андеша кун*, то ҳар чиро, ки дар он навишта шудааст, пурра риоя кунӣ.+ Он гоҳ корҳоят барор мегиранд ва ту бохирадона амал мекунӣ.+

  • 3 Подшоҳон 2:3
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 3 Бо роҳҳои Худоят Яҳува равона шав ва фармудаҳо, амрҳо, ҳукмҳо ва ёдовариҳояшро, ки дар Тавроти* Мӯсо навишта шудаанд,+ ба ҷо оварда вазифаатро дар пеши ӯ иҷро кун. Он гоҳ ҳар коре кунӣ ва ҳар ҷое равӣ, комёб мешавӣ*.

  • Забур 119:100
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 100 Аз пирон боақлтар шудаам,

      Зеро фармудаҳои туро ба ҷо меорам.

  • 2 Тимотиюс 3:14, 15
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 14 Ту бошӣ, минбаъд низ ба чизе, ки таълим гирифтаӣ ва ба ҳақ будани он бовар ҳосил кардаӣ, пайравӣ кун,+ зеро медонӣ, ки инро аз кӣ омӯхтаӣ. 15 Ту аз кӯдакият+ Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ,+ Навиштаҳоеро, ки метавонанд туро хирадманд кунанд, то ба воситаи имонат ба Исои Масеҳ наҷот ёбӣ.+

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан