-
1 Подшоҳон 23:26–28Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
26 Вақте ки Шоул ба як тарафи кӯҳ омад, Довуд ва одамонаш дар тарафи дигари кӯҳ буданд. Довуд саросемавор аз Шоул мегурехт,+ Шоулу одамонаш бошанд, ба Довуд ва ҳамроҳонаш наздик мешуданд, то ӯро дастгир кунанд.+ 27 Он вақт хабаррасоне назди Шоул омада, гуфт: «Зудтар биё, зеро фалиштиён ба сарзамини мо ҳуҷум карданд!» 28 Инро шунида Шоул сур кардани Довудро бас кард+ ва бар зидди фалиштиён баромад. Аз ин рӯ он ҷоро кӯҳи Ҷудоӣ номиданд.
-
-
2 Подшоҳон 17:21, 22Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
21 Вақте ки ин мардон рафтанд, Аҳимаасу Юнотон аз чоҳ баромаданд ва ба назди шоҳ Довуд омада, хабар доданд. Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Бархоста, тезтар ба он тарафи дарё гузаред, зеро Аҳитӯфал бар зидди шумо чунин маслиҳат дод».+ 22 Довуд ва одамоне, ки ҳамроҳаш буданд, дарҳол бархоста, аз Урдун гузаштанд ва то дамидани субҳ касе намонд, ки аз Урдун нагузашта бошад.
-