12 Ӯ дар ғаму азоб Худояш Яҳуваро зорӣ кард ва беҳад хоксор гашта, пеши Худои бобоёнаш сар хам кард. 13 Менашше ба Худо дуо мегуфт ва аз зории ӯ раҳми Худо омад. Худо зорию илтиҷояшро шунид ва ӯро ба Ерусалим ба подшоҳиаш баргардонд.+ Он гоҳ Менашше фаҳмид, ки Яҳува Худои ҳақиқӣ аст.+