-
2 Подшоҳон 15:2–4Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
2 Абшолӯм барвақт бархоста, дар сари роҳи дарвозаҳои шаҳр+ меистод. Вақте ягон кас бо даъво ба назди подшоҳ меомад,+ Абшолӯм ӯро ҷеғ зада мегуфт: «Ту аз кадом шаҳр ҳастӣ?» Ӯ ҷавоб медод: «Бандаат аз фалон қабилаи Исроил аст». 3 Он гоҳ Абшолӯм мегуфт: «Даъвои ту ҳақ асту рост, аммо подшоҳ касе надорад, ки арзи туро шунавад». 4 Ӯ мегуфт: «Кошки ман довари ин сарзамин мебудам! Он гоҳ ҳар касе, ки арзу шикояте дорад, назди ман меомад ва ман ба доди ӯ мерасидам».
-