8 Пас аз ин Оҳоз нуқраву тиллоеро, ки дар хонаи Яҳува ва ганҷинаҳои қасри подшоҳ ёфт шуд, гирифта, ҳамчун пора ба шоҳи Ошур фиристод.+ 9 Подшоҳи Ошур хоҳиши ӯро иҷро карда, бар зидди Димишқ баромад ва онро забт намуду мардумашро асир карда, ба Қир бурд,+ Расинро бошад, ба қатл расонд.+