-
Ирмиё 46:25, 26Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
25 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, мегӯяд: “Ман диққати худро сӯйи Омӯни+ худои Нӯ*,+ сӯйи фиръавн, сӯйи Миср, сӯйи худоҳои он,+ сӯйи подшоҳонаш, сӯйи худи фиръавн ва сӯйи ҳамаи онҳое, ки ба ӯ такя мекунанд, менигаронам.+
26 Ман онҳоро ба дасти касоне, ки қасди ҷонашонро доранд, ба дасти Набукаднесари подшоҳи Бобил+ ва хизматгоронаш, медиҳам. Вале баъдтар он одамнишин мешавад, чуноне ки пеш буд,— мегӯяд Яҳува.+—
-
-
Ҳизқиёл 29:19Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
19 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ба Набукаднесари шоҳи Бобил замини Мисрро медиҳам.+ Ӯ сарвати онро мебарад ва онро тороҷ карда, ғанимати бисёре ба даст меорад. Он музди лашкараш мешавад.
-