-
Ирмиё 5:26–28Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
26 Дар миёни халқам бадкорон ҳастанд,
Онҳо мисли сайёди парандагон камин мегиранд,
Доми марговар мегузоранд
Ва одамонро шикор мекунанд.
27 Чуноне ки қафас пур аз парандагон аст,
Ҳамин тавр хонаҳои онҳо пур аз фиреб аст.+
Барои ҳамин онҳо торафт пурзӯр ва сарватманд мегарданд.
28 Онҳо равған гирифтаанд ва пӯсташон ялаққос мезанад,
Бадкорияшон аз ҳад гузаштааст.
-
-
Мико 2:1, 2Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
2 «Вой бар ҳоли онҳое, ки дар фикри зарар расондананд
Ва дар бистарҳои худ қасди бад меандешанд!
Ҳамин ки саҳар шуд, нияти худро ба ҷо меоранд,
Зеро ин аз дасташон меояд.+
2 Онҳо киштзорҳоро ҳавас мекунанд ва кашида мегиранд,+
Хонаҳоро таги чашм мекунанд ва ба даст меоранд.
Онҳо бо фиреб хонаи мардро
Ва мулки меросияшро соҳиб мешаванд.+
-