-
Марқус 1:2–4Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
2 дар китоби пайғамбар Ишаъё навишта шудааст: «(Ана, ман пешопеши ту хабаррасони худро мефиристам, то барои ту роҳ тайёр кунад.)+ 3 Касе дар биёбон нидо мекунад: “Роҳро барои Яҳува тайёр кунед! Роҳҳои ӯро ҳамвор намоед”».+ 4 Яҳёи Таъмиддиҳанда ба биёбон омада, эълон мекард, ки одамон бояд чун нишонаи тавба барои бахшиши гуноҳҳо таъмид гиранд*.+
-
-
Луқо 3:3–6Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
3 Яҳё дар тамоми сарзамини атрофи Урдун гашта, эълон мекард, ки одамон бояд чун нишонаи тавба барои бахшиши гуноҳҳо таъмид гиранд*,+ 4 чи тавре ки дар китоби пайғамбар Ишаъё навишта шудааст: «Касе дар биёбон нидо мекунад: “Роҳро барои Яҳува тайёр кунед! Роҳҳои ӯро ҳамвор намоед.+ 5 Бигзор ҳар дара пур шавад ва ҳар кӯҳу теппа ба ҳамворӣ табдил ёбад, роҳҳои каҷу килеб рост ва роҳҳои пасту баланд ҳамвор шаванд. 6 Он гоҳ ҳар инсон наҷоти Худоро мебинад”».+
-