ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • Ирмиё 14:13
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 13 Ман дар ҷавоб гуфтам: «Вой бар ман, эй Яҳува, Парвардигоро, зеро пайғамбарон ба онҳо мегӯянд: “Шумо шамшерро нахоҳед дид ва гуруснагӣ бар шумо нахоҳад омад, балки дар ин ҷой Худо ба шумо осоиштагии ҳақиқӣ хоҳад дод”».+

  • Ирмиё 23:16, 17
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 16 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд:

      «Ба суханони пайғамбароне, ки ба шумо пешгӯйӣ мекунанд, гӯш надиҳед.+

      Онҳо шуморо гумроҳ месозанд.

      Руъёеро, ки онҳо ба забон меоранд, аз дили худ бофтаанд,+

      Он аз даҳони Яҳува набаромадааст.+

      17 Онҳо ба касоне, ки ба ман беҳурматӣ мекунанд, гаштаву баргашта мегӯянд:

      “Яҳува чунин мегӯяд: “Шумо дар амонӣ зиндагӣ хоҳед кард”,+

      Ва ба ҳар касе, ки аз пайи дили якраваш меравад, чунин мегӯянд:

      “Ҳеҷ балое бар саратон намеояд”.+

  • Ирмиё 27:14
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 14 Ба суханони пайғамбарон, ки чунин мегӯянд: “Шумо ба подшоҳи Бобил хизмат нахоҳед кард”,+ гӯш надиҳед, зеро онҳо дурӯғ мегӯянд.+

  • Ирмиё 28:1, 2
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 28 Дар он сол, дар аввали ҳукмронии Сидқиёҳуи+ шоҳи Яҳудо, дар моҳи панҷуми соли чоруми ҳукмронияш, Ҳананёи пайғамбар, писари Аззур, ки аз Ҷибъӯн+ буд, дар хонаи Яҳува дар ҳузури коҳинон ва тамоми мардум ба ман гуфт: 2 «Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман юғи* подшоҳи Бобилро+ мешиканам.

  • Нолаҳо 2:14
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 14 Рӯъёҳои пайғамбаронат дурӯғ ва ҳеҷ буданд,+

      Онҳо хатоятро ба ту маълум накарданд, то аз асирӣ наҷотат диҳанд,+

      Балки рӯъёҳои дурӯғ ва хабарҳои гумроҳкунанда мерасонданд.+

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан