13 Юҳонони писари Қореаҳ ва ҳамаи сарлашкароне, ки дар саҳро буданд, назди Ҷадалёҳу ба Мисфо омаданд. 14 Онҳо ба Ҷадалёҳу гуфтанд: «Магар намедонӣ, ки Баалиси подшоҳи аммӯниён+ Исмоили писари Натанёро барои куштани ту фиристодааст?»+ Вале Ҷадалёҳуи писари Аҳиқом ба гапи онҳо бовар накард.