-
4 Подшоҳон 25:8–10Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
8 Дар моҳи панҷум, дар рӯзи ҳафтуми моҳ, яъне дар соли 19-уми Набукаднесари подшоҳи Бобил, Набузаръадони+ сардори посбонон, ходими подшоҳи Бобил, ба Ерусалим омад.+ 9 Ӯ хонаи Яҳува,+ қасри подшоҳ,+ тамоми хонаҳои Ерусалим+ ва ҳамчунин хонаи ҳар марди номдорро оташ зад.+ 10 Тамоми лашкари калдониён, ки зери дасти сардори посбонон буд, деворҳои гирдогирди Ерусалимро валангор кард.+
-
-
2 Воқеанома 34:24, 25Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
24 “Яҳува чунин мегӯяд: “Ман бар ин макон ва сокинонаш мусибат оварда,+ тамоми лаънатеро, ки аз китоб ба подшоҳи Яҳудо хонданд,+ ба ҷо меорам. 25 Азбаски онҳо маро тарк карданд+ ва ба худоёни дигар қурбониҳо оварда дуд мебароранд, то ки бо тамоми амали дастҳояшон маро ба хашм оранд,+ ғазабамро бар ин макон фурӯ мерезам ва он хомӯш намешавад”.+
-
-
2 Воқеанома 36:16, 17Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
16 Аммо онҳо фиристодагони Худоро паст мезаданд,+ суханонашро писанд намекарданд+ ва пайғамбаронашро масхара менамуданд,+ ба тавре ки шифонопазир гаштанд ва оташи ғазаби Яҳува бар халқаш аланга гирифт.+
17 Аз ин рӯ Худо подшоҳи калдониёнро бар зидди онҳо барангехт+ ва вай ҷавонони онҳоро дар муқаддасгоҳашон+ аз дами шамшер гузаронд+ — вай ба ҷавонмарду бокира ва пиру нотавон раҳме накард.+ Худо ҳама чиро ба дасти вай супурд.+
-