-
Ишаъё 34:6, 7Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
6 Шамшери Яҳува оғуштаи хун,
Хуни қӯчқорони ҷавон ва бузҳо, мегардад
Ва бо чарбу,+ чарбуи гурдаҳои қӯчқорон, рӯпӯш мешавад,
Зеро Яҳува дар Басра қурбонӣ меорад
Ва дар замини Адӯм куштори азиме мекунад.+
7 Говони ёбоӣ бо онҳо кушта мешаванд,
Буққаҳои ҷавон* бо нарговони пурқувват фурӯ меғалтанд.
Замини онҳо пур аз хун
Ва хоки онҳо пур аз чарбу мешавад»,
-
Ҳизқиёл 39:18Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
18 Шумо гӯшти паҳлавононро мехӯред ва хуни сарварони заминро менӯшед — гӯшту хуни қӯчқорон, баррагон, бузҳо ва буққаҳоро, ки ҳамаашон чорвои фарбеҳи Бошонанд.
-
-
-