ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • Забур 136:5
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    •  5 Ӯ осмонро хирадмандона офаридааст,+

      Зеро меҳру вафояш то абад аст.

  • Панднома 3:19
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 19 Яҳува заминро бо хирад бунёд кардааст+

      Ва осмонро бо фаҳм* устувор гардондааст.+

  • Ишаъё 40:22
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 22 Ӯ ҳамон аст, ки бар доираи* замин сокин аст,+

      Ва бошандагони он мисли малаханд.

      Ӯ осмонро чун матои нафис паҳн кардааст,

      Чун хаймае барои зист боз намудааст.+

  • Ирмиё 10:12–16
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 12 Ӯ заминро бо тавоноии худ офаридааст,

      Оламро бо хиради худ барпо кардааст+

      Ва осмонро бо фаҳми худ паҳн намудааст.+

      13 Вақте овозашро мешунавонад,

      Обҳои осмон ба хурӯш меоянд.+

      Ӯ абрҳоро* аз канори замин ба осмон мехезонад,+

      Барои борон барқро ба вуҷуд меорад*,

      Бодро аз анборҳои худ берун меорад.+

      14 Ҳар инсон аз ақл бегона аст.

      Ҳар заргар аз буте, ки сохтааст, шарманда мешавад,+

      Зеро бути рехтаи ӯ фиреб аст

      Ва дар вай нафасе* нест.+

      15 Онҳо ҳеҷу пуч ва масхаракорӣ ҳастанд.+

      Вақте рӯзи доварияшон биёяд, нест карда мешаванд.

      16 Аммо насибаи Яъқуб мисли инҳо нест,

      Ӯ ҳамонест, ки ҳама чиро офаридааст,

      Ва Исроил чӯбдасти ӯ, мулки ӯст.+

      Номи ӯ Яҳува, Худои лашкарҳост.+

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан