-
2 Воқеанома 36:17, 18Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
17 Аз ин рӯ Худо подшоҳи калдониёнро бар зидди онҳо барангехт+ ва вай ҷавонони онҳоро дар муқаддасгоҳашон+ аз дами шамшер гузаронд+ — вай ба ҷавонмарду бокира ва пиру нотавон раҳме накард.+ Худо ҳама чиро ба дасти вай супурд.+ 18 Тамоми ашёи калону майдаи хонаи Худо, ҳамчунин ганҷҳои хонаи Яҳува ва ганҷҳои подшоҳу миронаш, ҳама чиз, ба Бобил бурда шуд.+
-