-
4 Подшоҳон 22:12, 13Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
12 Сипас шоҳ ба Ҳилқиёҳуи коҳин, Аҳиқоми+ писари Шофон, Акбӯри писари Микойҳу, Шофони котиб ва Асоёи ходими шоҳ чунин фармуд: 13 «Биравед ва аз Яҳува барои ман, халқ ва тамоми Яҳудо дар бораи суханони ин китоби ёфтшуда пурсон шавед, зеро ғазаби Яҳува, ки бар мо аланга гирифтааст, бузург аст,+ чунки бобоёни мо ба суханони ин китоб гӯш надоданд ва ҳар он чиро, ки барои мо навишта шуда буд, риоя накарданд».
-
-
Ирмиё 39:13, 14Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
13 Он гоҳ Набузаръадони сардори посбонон, Набушазбони рабсорис*, Нерҷал-Саръэсери рабмаг* ва тамоми мардони соҳибмартабаи подшоҳи Бобил кас фиристоданд 14 ва Ирмиёро аз Саҳни Посгоҳ гирифта,+ ба дасти Ҷадалёҳуи+ писари Аҳиқоми+ писари Шофон+ доданд, то ки ӯро ба хонаи худ барад. Ҳамин тавр, Ирмиё дар байни халқ зиндагӣ кардан гирифт.
-