-
3 Подшоҳон 6:31–35Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
31 Ӯ барои даромадгоҳи ҳуҷраи дарун аз чӯби санавбар дарҳо, сутунҳои паҳлуӣ ва паҳлудариҳо, яъне қисми панҷумро*, сохт. 32 Ду дар аз чӯби санавбар сохта шуданд ва ӯ бар онҳо нақши каррубиҳо, нахлҳо ва гулҳои шукуфонро кандакорӣ намуд ва онҳоро бо тилло рӯйбаст кард, ӯ бар каррубиҳо ва нахлҳо тилло кӯфт. 33 Ӯ барои даромадгоҳи ибодатгоҳ* низ аз чӯби санавбар чунин паҳлудариҳо сохт, ки қисми чорум* буданд. 34 Ӯ аз чӯби арча ду дар сохт. Як дар ду табақа дошт, ки бар пошнаҳо тоб мехӯрданд, дари дигар низ ду табақа дошт, ки бар пошнаҳо тоб мехӯрданд.+ 35 Ӯ бар онҳо нақши каррубиҳо, нахлҳо ва гулҳои шукуфонро кандакорӣ кард ва ин нақшҳоро бо тилло рӯйбаст намуд.
-