-
4 Подшоҳон 23:31–34Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
31 Еҳуоҳоз+ дар 23-солагиаш подшоҳ шуд ва се моҳ дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модараш Ҳамутали+ духтари Ирмиёи либноӣ буд. 32 Ӯ он чиро, ки дар назари Яҳува бад буд, ба амал овард, чуноне ки бобоёнаш карда буданд.+ 33 Накӯҳи+ фиръавн Еҳуоҳозро дар замини Ҳамот, дар Рибло,+ ба зиндон партофт, то ки бар Ерусалим ҳукмронӣ накунад, ва бар мамлакат 100 киккар* нуқра ва як киккар тилло ҷарима андохт.+ 34 Илова бар ин, Накӯҳи фиръавн Элёқимро ба ҷойи падараш Юшиё подшоҳ кард ва номашро Еҳуёқим гузошт, Еҳуоҳозро бошад, ба Миср бурд+ ва ӯ дар он ҷо мурд.+
-