-
Ирмиё 23:25Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
25 Пайғамбаронро шунидам, ки ба номи ман бардурӯғ пешгӯйӣ карда мегӯянд: “Ман хоб дидам! Ман хоб дидам!”+
-
-
Ҳизқиёл 13:9, 10Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
9 Ман бар пайғамбароне, ки рӯъёҳояшон фиреб ва пешгӯйиҳояшон дурӯғ аст,+ даст мебардорам. Онҳо дар миёни касони наздикам намешаванд, дар насабномаҳои хонадони Исроил зикр намеёбанд ва ба замини Исроил барнамегарданд. Он вақт мефаҳмед, ки ман Парвардигор Яҳува ҳастам.+ 10 Ҳамаи ин аз барои он аст, ки онҳо халқи маро гумроҳ карда, “Осоиштагист!” мегӯянд, ҳол он ки аз осоиштагӣ нишоне нест.+ Онҳо девори нимҷони хонаро бо оҳак андова мекунанд*.+
-