-
5 Мӯсо 28:63, 64Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
63 Чи тавре ки Яҳува аз обод гардондану сершумор карданатон шодӣ мекард, ҳамон тавр Яҳува бо хурсандӣ шуморо несту нобуд месозад ва шумо аз замине, ки онро бояд соҳиб гардед, решакан мешавед.
64 Яҳува туро дар миёни ҳама халқҳо, аз як канори замин то канори дигари он пароканда месозад+ ва дар он ҷойҳо ту худоёни чӯбин ва сангинро парастиш хоҳӣ кард, худоёнеро, ки на ту мешинохтӣ, на бобоёнат.+
-
-
Юшаъ 23:15, 16Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
15 Чи тавре ки ҳар як ваъдаи Худоятон Яҳува, ки ба шумо дода буд, иҷро шуд,+ ҳамон тавр лаънате, ки Яҳува гуфтааст, дар ҳаққи шумо иҷро мешавад, то даме ки Яҳува шуморо аз замини хубе, ки ба шумо додааст, нобуд кунад.+ 16 Агар аҳди Худоятон Яҳуваро, ки ба шумо риоя кардани онро фармудааст, поймол намоед ва рафта, худоёни дигарро парастиш ва саҷда кунед, он гоҳ ғазаби Яҳува бар шумо аланга мезанад+ ва аз замини хубе, ки ӯ ба шумо додааст, ба зудӣ нобуд мешавед».+
-
-
3 Подшоҳон 9:6, 7Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
6 Вале, агар шумо ва писаронатон аз пайравӣ кардани ман рӯй тобед ва амру фармудаҳоямро риоя накунед ва рафта, ба дигар худоён хизмат кунеду ба онҳо саҷда баред,+ 7 ман Исроилро аз замине, ки ба онҳо додаам, решакан мекунам+ ва хонаеро, ки ба номи худ муқаддас гардондаам, аз пеши назарам дур месозам+ ва Исроил гапи даҳани мардум* ва хандахариши ҳамаи халқҳо мешавад.+
-