-
Доварон 19:22Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
22 Вақте онҳо дилхушӣ мекарданд, баъзе мардони нобакори шаҳр хонаро гирд карданд ва дарро сахт кӯфта, ба пирамарде, ки соҳиби хона буд, мегуфтанд: «Мардеро, ки ба хонаи ту омадааст, берун барор, то бо ӯ ҳамхоб шавем».+
-
-
Доварон 20:4–6Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
4 Он гоҳ левизода,+ шавҳари зане, ки кушта шуда буд, гуфт: «Ман бо суррияам ба Ҷибъои Бинёмин омадам,+ то шабро дар он ҷо рӯз кунам. 5 Сокинони* Ҷибъо бошанд, бо қасди бад ба сари ман омада, шабона хонаро гирд карданд. Онҳо маро куштанӣ буданд, лекин баъд суррияамро таҷовуз карданд ва ӯ аз ин мурд.+ 6 Ман ҷасади суррияамро гирифта, пора-пора кардам ва ба ҳар як мулки Исроил фиристодам,+ зеро он одамон дар Исроил шармандагии гӯшношуниде карданд.
-