-
5 Мӯсо 8:17–19Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
17 Агар дар дил бигӯӣ: “Бо қувват ва бо зӯри дасти худам ин ҳама боигариро ба даст овардам”,+ 18 фаромӯш накун, ки қуввати пайдо кардани боигариро ба ту Худоят Яҳува медиҳад.+ Ӯ инро барои иҷрои аҳде мекунад, ки ба бобоёнат қасам хӯрда, ваъда додааст ва ин аҳдро ӯ то ба имрӯз иҷро карда истодааст.+
19 Аммо, агар Худоят Яҳуваро фаромӯш кунӣ ва худоёни дигарро пайравӣ карда, онҳоро парастиш намоӣ ва ба онҳо саҷда барӣ, ман имрӯз ба ту шоҳидӣ медиҳам, ки ҳатман несту нобуд мешавӣ.+
-