-
4 Подшоҳон 17:9–11Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
9 Исроилиён корҳоеро мекарданд, ки дар назари Худояшон Яҳува нодуруст буд. Онҳо дар тамоми шаҳрҳои худ, аз бурҷи* дидбонӣ то шаҳри ҳисордор*, баландиҳо месохтанд,+ 10 бар ҳар як теппаи баланд ва зери ҳар як дарахти сершоху барг+ барои парастиш сутунҳо ва Ашераҳо*+ мегузоштанд 11 ва мисли халқҳое, ки Яҳува аз пеши онҳо бадарға карда буд,+ бар ҳамаи баландиҳо қурбонӣ оварда дуд мекарданд. Онҳо бо бадкирдории худ Яҳуваро ба хашм меоварданд.
-