ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • Марқус 14:3–9
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 3 Вақте ки Исо дар Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯни махавӣ дар сари дастархон менишаст, зане бо кӯзачае* омад, ки равғани тозаи хушбӯй ва қиматбаҳое аз нардсунбул дошт. Ӯ даҳони кӯзачаро шикаста онро кушод ва равғанро ба сари Исо рехт.+ 4 Инро дида баъзеҳо ба ғазаб омаданд ва ба якдигар гуфтанд: «Ин равғани хушбӯйро исроф кардан чӣ даркор буд? 5 Охир, онро ба маблағи беш аз 300 динор* фурӯхта, ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд!» Онҳо аз ин кори вай сахт оташин шуданд*. 6 Лекин Исо гуфт: «Чӣ ба ин бечора кордор мешавед? Ӯро ба ҳоли худ монед. Вай барои ман кори хубе кард.+ 7 Камбағалон ҳама вақт бо шумо ҳастанд+ ва шумо, ҳар гоҳ ки хоҳед, ба онҳо некӣ карда метавонед, лекин ман на ҳама вақт бо шумо ҳастам.+ 8 Ин зан ҳар чӣ аз дасташ омад, кард. Вай ба баданам равғани хушбӯй рехта онро пешакӣ барои гӯронидан тайёр кард.+ 9 Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар ҳар гӯшаву канори дунё, ки ин хушхабар эълон мешавад,+ кори кардаи ин занро низ барои ёдоварии вай нақл мекунанд».+

  • Юҳанно 12:1–8
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 12 Шаш рӯз пеш аз Иди Раҳоӣ Исо ба Байт-Ҳинӣ омад. Лаъзор,+ ки Исо ӯро аз мурдагон зинда карда буд, дар ҳамон деҳа мезист. 2 Дар он ҷо барои Исо хӯроки шом тайёр карданд. Марто ба меҳмонон хизмат мекард+ ва Лаъзор ҳамроҳи дигарон бо Исо дар сари дастархон нишаста буд. 3 Он гоҳ Марям тахминан 300 грамм* равғани тозаи хушбӯй ва қиматбаҳоеро, ки аз нардсунбул буд, гирифта, ба пойҳои Исо рехт ва бо мӯяш хушконид. Бӯйи он равғани атрафшон хонаро пур кард.+ 4 Вале яке аз шогирдон — Яҳудои Исқарют,+ ки ба Исо хиёнат карданӣ буд, гуфт: 5 «Ин равғани хушбӯйро ба 300 динор* фурӯхта, ба камбағалон тақсим кардан беҳтар набуд?» 6 Ӯ ин суханонро на аз барои он гуфт, ки ғами камбағалонро мехӯрд, балки, барои он ки дузд буд: қуттии пул дар дасти вай буд ва ӯ аз пуле, ки ба он меандохтанд, медуздид. 7 Исо бошад, гуфт: «Ӯро ба ҳоли худ мон. Бигузор, ки ин маросимро ба ҷо оварда маро барои рӯзи дафнам тайёр кунад.+ 8 Камбағалон ҳама вақт бо шумо ҳастанд,+ ман на ҳама вақт бо шумоям».+

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан