-
Матто 4:1–10Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
4 Баъди ин рӯҳи Худо Исоро ба биёбон бурд, ки он ҷо Иблис+ ӯро васваса кард.+ 2 Исо 40 шабу 40 рӯз рӯза дошта гушна монд. 3 Он гоҳ Васвасакор+ омада, ба ӯ гуфт: «Агар писари Худо* бошӣ, ба ин сангҳо амр деҳ, ки нон шаванд». 4 Лекин Исо дар ҷавоб гуфт: «Навишта шудааст: “Одамизод бояд на танҳо бо нон зиндагӣ кунад, балки бо ҳар сухане, ки аз даҳони Яҳува мебарояд”».+
5 Сипас Иблис ӯро ба шаҳри муқаддас+ бурд ва бар девори* ибодатгоҳ гузошта,+ 6 гуфт: «Агар писари Худо бошӣ, худатро ба поён парто, зеро навишта шудааст: “Ӯ дар бораи ту ба фариштагонаш амр медиҳад” ва “онҳо туро рӯйи дастонашон мебардоранд, то поят ба санге назанад”».+ 7 Исо ба вай ҷавоб дод: «Ҳамчунин навишта шудааст: “Худоят Яҳуваро наозмой”».+
8 Баъд аз ин Иблис ӯро бар кӯҳи хеле баланде бурд ва тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ва бузургии онҳоро ба ӯ нишон дода,+ 9 гуфт: «Ҳамаи ин чизҳоро ба ту медиҳам, агар як бор зону зада ба ман саҷда кунӣ». 10 Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Аз ман дур шав, эй Шайтон! Навишта шудааст: “Худоят Яҳуваро бипараст+ ва танҳо хизмати ӯро ба ҷо ор”».+
-
-
Луқо 4:1–13Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
4 Исо, ки аз рӯҳи муқаддас пур гашта буд, аз Урдун рафту рӯҳи Худо ӯро дар биёбон аз як ҷой ба ҷойи дигаре мебурд.+ 2 Ӯ дар он ҷо 40 рӯз истоду дар давоми он рӯзҳо чизе нахӯрда гушна монд. Он гоҳ Иблис ӯро васваса карда+ 3 гуфт: «Агар писари Худо* бошӣ, ба ин санг амр деҳ, ки нон шавад». 4 Лекин Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Навишта шудааст: “Одамизод набояд танҳо бо нон зиндагӣ кунад”».+
5 Он гоҳ Иблис ӯро ба ҷойи баланде бурда, дар як лаҳза тамоми мамлакатҳои рӯйи заминро ба ӯ нишон дод.+ 6 Пас аз он Иблис ба ӯ гуфт: «Тамоми қудратро бар ҳамаи ин мамлакатҳо ва шуҳрату ҷалоли онҳоро ба ту медиҳам, зеро ин қудрат ба ман супурда шудааст+ ва ман онро ба ҳар касе хоҳам, медиҳам. 7 Барои ҳамин, агар як бор ба ман саҷда кунӣ, ҳамаи ин аз они ту мешавад». 8 Исо ба вай гуфт: «Навишта шудааст: “Худоят Яҳуваро бипараст ва танҳо хизмати ӯро ба ҷо ор”».+
9 Пас аз он Иблис Исоро ба Ерусалим бурд ва бар девори* ибодатгоҳ гузошта, гуфт: «Агар писари Худо* бошӣ, худатро аз ин ҷо ба поён парто,+ 10 зеро навишта шудааст: “Ӯ дар бораи ту ба фариштагонаш амр медиҳад, то туро нигаҳбонӣ кунанд” 11 ва “онҳо туро рӯйи дастонашон мебардоранд, то поят ба санге назанад”».+ 12 Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Гуфта шудааст: “Худоят Яҳуваро наозмой”».+ 13 Он гоҳ Иблис васваса карданро бас кард ва то фурсати муносиби дигар аз ӯ дур шуд.+
-