-
Юҳанно 6:10–13Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
10 Исо гуфт: «Ба мардум гӯед, ки шинанд». Дар он ҷо сабза бисёр буд ва одамон, ки дар байнашон тақрибан 5000 мард буд, нишастанд*.+ 11 Исо нонро гирифта, шукргузорӣ намуду ба нишастагон дод. Моҳиҳоро низ тақсим кард ва ҳама, чи қадаре ки хостанд, хӯрданд. 12 Вақте ки онҳо сер шуданд, ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Пораҳои боқимондаро ҷамъ кунед, то ҳеҷ чиз ҳайф нашавад». 13 Онҳо ба гуфти Исо карданд ва аз пораҳои боқимондаи панҷ нони ҷавин 12 сабадро пур карданд.
-