ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • Луқо 4:31–37
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 31 Баъд ӯ ба Кафарнаҳум, ба шаҳри Ҷалил, рафт ва рӯзҳои шанбе онҳоро таълим медод.+ 32 Мардум аз тарзи таълими ӯ дар ҳайрат буданд,+ зеро вай чун шахси соҳибқудрат гап мезад. 33 Он вақт дар ибодатхона марде буд, ки рӯҳи нопок, яъне дев, дошт, ва ӯ бо овози баланд фарёд зада гуфт:+ 34 «Эй Исои носирӣ,+ ту ба мо чӣ кор дорӣ? Оё ту барои нест кардани мо омадӣ? Ман нағз медонам, ки ту Фиристодаи муқаддаси Худо ҳастӣ!»+ 35 Вале Исо вайро сарзаниш карда гуфт: «Хомӯш шав ва аз ӯ берун ой». Он гоҳ дев мардро дар пеши назари ҳама ба замин афтонд ва ҳеҷ зараре нарасонда аз ӯ берун шуд. 36 Инро дида ҳуш аз сари ҳама парид ва одамон ба якдигар чунин гуфтанд: «Бинед, ки ӯ чӣ гуна сухан меронад ва бо чӣ қуввату қудрате ба рӯҳҳои нопок амр медиҳаду онҳо берун меоянд!» 37 Овозаи ӯ дар тамоми гӯшаю канори он ҷойҳо торафт паҳн мешуд.

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан