-
Матто 3:11, 12Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
11 Ман шуморо чун нишонаи тавбаатон дар об таъмид медиҳам,+ вале касе, ки баъд аз ман меояд, қудрати бештар дорад ва ман сазовор нестам, ки ҳатто пойафзоли ӯро кашам.+ Он шахс шуморо бо рӯҳи муқаддас+ ва оташ+ таъмид медиҳад. 12 Ӯ бели бодкунӣ* дар даст хирманҷойи худро топ-тоза карда, гандумро дар анбор ҷамъ меорад, коҳрезаҳоро бошад, дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад».+
-