ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • Матто 14:3–5
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 3 Чанде пеш Ҳиродус ба хотири Ҳиродия, ҳамсари бародараш Филиппус, Яҳёро дастгир ва бандубаст карда, ба зиндон партофта буд,+ 4 зеро Яҳё ба ӯ мегуфт: «Раво нест, ки ӯ зани ту бошад».+ 5 Ҳиродус мехост ӯро кушад, аммо аз мардум метарсид, чунки онҳо Яҳёро пайғамбар меҳисобиданд.+

  • Марқус 6:17–20
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
    • 17 Пеш аз ин худи Ҳиродус кас фиристода, фармуда буд, ки Яҳёро дастгир ва бандубаст кунанду ба зиндон партоянд. Вай инро барои он кард, ки Ҳиродия, ҳамсари бародараш Филиппусро, ки ба занӣ гирифта буд,+ хурсанд кунад, 18 зеро Яҳё ба Ҳиродус мегуфт: «Раво нест, ки ҳамсари бародаратро ба занӣ гирӣ».+ 19 Ҳиродия ба Яҳё дар дил кина дошт ва мехост ӯро кушад, лекин инро карда наметавонист, 20 чунки Ҳиродус аз Яҳё метарсид ва ба ӯ зараре намерасонд. Вай медонист, ки ӯ одами росткору худотарс аст.+ Ҳар боре ки Ҳиродус суханони Яҳёро мешунид, бо вай чӣ кор карданашро намедонист, бо вуҷуди ин гӯш кардани Яҳё ба вай маъқул буд.

Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
Баромадан
Даромадан
  • тоҷикӣ
  • Фиристодан
  • Ҷӯркунӣ
  • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
  • Шарти истифодабарӣ
  • Сиёсати ҳифзи асрор
  • Танзимоти ҳифзи асрор
  • JW.ORG
  • Даромадан
Фиристодан