-
Матто 7:24–27Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
24 Барои ҳамин ҳар касе, ки ин сухани маро мешунаваду иҷро мекунад, монанди каси бохирадест, ки хонаи худро бар кӯҳпора месозад.+ 25 Вақте ки борони сел борида, обхезӣ шавад ва шамоли сахте вазад, хонаи ӯ вайрон намегардад, зеро таҳкурсияш бар кӯҳпора сохта шудааст. 26 Лекин касе, ки ин сухани маро мешунаваду иҷро намекунад, монанди каси беақлест, ки хонаашро бар рег месозад.+ 27 Вақте ки борони сел борида, обхезӣ шавад ва шамоли сахте вазад, ин хона вайрон мешавад+ ва зарари бениҳоят калон мебинад».
-