-
1 Мӯсо 22:15–18Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
15 Фариштаи Яҳува бори дуюм аз осмон ба Иброҳим муроҷиат кард ва 16 гуфт: «Ба номи худ қасам ки,— мегӯяд Яҳува,+— азбаски ту ин корро кардӣ ва писари худро, ки ҷигарбанди ягонаи туст, аз ман дареғ надоштӣ,+ 17 ман туро ҳатман баракат медиҳам ва насли туро мисли ситорагони осмон ва реги лаби баҳр бешумор мегардонам+ ва насли ту шаҳрҳои* душманонашонро соҳиб хоҳанд шуд.+ 18 Ҳамаи халқҳои рӯйи замин ба воситаи насли ту+ баракат меёбанд, чунки ту ба гапи ман гӯш додӣ».+
-
-
Мико 7:20Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
20 Ту, чуноне ки аз давраҳои қадим ба бобоёнамон қасам хӯрда будӣ,
Ба Яъқуб садоқат ва ба Иброҳим меҳру вафо мекунӣ.+
-