-
Матто 1:20, 21Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
20 Лекин, баъди он ки ӯ дар ин бора фикр кард, фариштаи Яҳува* ба ӯ дар хоб намудор шуда, гуфт: «Эй Юсуф, писари Довуд, аз хонадор шудан бо Марям натарс*, зеро вай ба воситаи рӯҳи муқаддас+ ҳомиладор шудааст. 21 Вай писар таваллуд мекунад ва ту ӯро Исо* ном мемонӣ,+ зеро ӯ халқи худро аз гуноҳҳояшон наҷот медиҳад».+
-