-
Матто 28:5–7Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
5 Фаришта бошад, ба занҳо гуфт: «Натарсед, ман медонам, ки шумо Исоро, ки дар сутун куштанд, кофта истодаед.+ 6 Ӯ дар ин ҷо нест, зеро, чи тавре ки ба шумо гуфта буд, зинда шудааст.+ Биёед ва он ҷоеро, ки ӯро гузошта буданд, бо чашми худ бубинед. 7 Сипас зудтар рафта, ба шогирдон хабар диҳед, ки ӯ аз мурдагон зинда шуд ва пеш аз онҳо ба Ҷалил меравад.+ Онҳо ӯро дар он ҷо мебинанд. Ин буд хабаре, ки бояд ба шумо мерасондам».+
-
-
Марқус 16:5–7Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
-
-
5 Онҳо ба ғоре, ки қабри Исо буд, даромада, ҷавонмарди сафедпӯшеро диданд, ки дар тарафи рост нишаста буд. Онҳо инро дида сахт ба ҳайрат афтоданд. 6 Он мард ба занҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед.+ Ман медонам, ки шумо Исои носириро мекобед, ки ӯро дар сутун куштаанд. Ӯ зинда шудааст+ ва дар ин ҷо нест. Ана ҷое, ки ҷасади ӯро монда буданд.+ 7 Ҳозир бошад, рафта, ба шогирдон ва ба Петрус чунин хабар диҳед: “Исо пеш аз шумо ба Ҷалил меравад+ ва, чи тавре ки ба шумо гуфта буд, ӯро дар он ҷо мебинед”».+
-