19 Умедворам, ки, агар хости Ҳазратамон Исо бошад, Тимотиюсро+ ба қарибӣ назди шумо мефиристам, то аз аҳволи шумо хабардор гашта, рӯҳбаланд шавам. 20 Ман каси дигаре надорам, ки феълу табиати ӯро дошта бошад ва дар бораи шумо аз таҳти дил ғамхорӣ кунад.