Айюб
3 Баъд аз ин Айюб даҳони худро кушода сухан гуфт ва бар рӯзи таваллудаш лаънат хонд*.+ 2 Айюб гуфт:
3 «Нест бод рӯзе, ки дар он таваллуд ёфтам,+
Ва шабе, ки дар он гуфтанд: “Писаре зода шуд!”
4 Бигзор он рӯз торикӣ шавад.
Бигзор Худо аз боло ба он назар накунад.
Бигзор рӯшноӣ бар он надурахшад.
5 Бигзор зулмот* онро фурӯ барад.
Бигзор абри сиёҳ онро рӯпӯш кунад
Ва торикӣ онро ба даҳшат орад.
6 Бигзор он шабро сиёҳӣ фаро гирад.+
Он дар қатори рӯзҳои сол шодӣ накунад
Ва дар байни рӯзҳои моҳ набошад.
7 Эй кош дар он шаб касе ба дунё намеомад
Ва нидоҳои шодӣ шунида намешуд.
8 Бигзор касоне, ки бар рӯз лаънат мехонанд, он шабро лаънат кунанд,
9 Бигзор ситораҳои саҳарии он хира шаванд;
Бигзор он шаб равшаниро интизор шавад, аммо интизорияш беҳуда бошад
Ва бигзор дамидани субҳро набинад,
10 Зеро он батни модари маро набаст+
Ва ғуссаро аз чашмонам пинҳон накард.
11 Чаро ман ҳангоми таваллуд намурдам?
Чаро ҳангоми аз шикам баромадан нобуд нашудам?+
12 Чаро маро бар зонуҳо гузоштанд
Ва чаро маро пистон доданд?
13 Агар ин тавр намешуд, ҳоло осуда мехобидам,+
Хоб мекардам ва ором меёфтам+
14 Бо подшоҳони замин ва вазирони онҳо,
Ки барои худ биноҳое сохтанд, ки ҳоло вайрона шудаанд*,
15 Бо мирон, ки тилло доштанд
Ва хонаҳои худро аз нуқра пур карданд.
16 Чаро бармаҳал аз шиками модар наафтодам,
Мисли кӯдаконе, ки рӯйи рӯшноиро надидаанд?
17 Он ҷо бадкорон низ аз шӯру ошӯби худ осуда шудаанд
Ва он ҷо хастагон ором гирифтаанд.+
18 Он ҷо бандиён бо ҳам ором ёфтаанд
Ва овози корфармоёнро намешунаванд.
19 Он ҷо хурдону бузургон баробаранд+
Ва ғулом аз хӯҷаини худ озод аст.
20 Чаро ӯ ба касе, ки ҷонаш дар азоб аст, рӯшноӣ медиҳад
Ва ба касоне, ки зиндагии талх доранд, ҳаёт мебахшад?+
21 Чаро онҳо маргро орзу мекунанд, аммо он намеояд?+
Онро аз ганҷҳои пинҳон дида бештар мекобанд.
22 Вақте онҳо қабр пайдо кунанд, хурсандӣ мекунанд
Ва аз ин беҳад шод мешаванд.
23 Чаро нури ҳаёт ба шахсе дода шудааст, ки раҳгум задааст,
Ва ба касе, ки гирдогирди ӯ Худо симхор гузоштааст?+
24 Оҳу воҳ хӯрокам гаштааст+
Ва нолаҳоям+ мисли об фаввора мезананд,
25 Зеро чизе, ки аз он метарсидам, бар сарам омад
Ва ба биме, ки доштам, дучор шудам.
26 Кам буд, ки оромӣ, осоиштагӣ ва роҳат надоштам,
Ки боз бар сарам фалокат меборад?»